Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки аз 16 то 25 июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку бо иштироки 375 варзишгар аз 92 кишвари дунё доир гардид, ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 60 кило Анвар Юнусов аз ҳарифи худ – муштзани Голландия Энрико Ле Курсу бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, вале сарфи назар аз ин натиҷа, муштзани пуртаҷрибаи тоҷик
ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016
мушарраф гашт.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳамин тариқ, то имрӯз
панҷ варзишгари тоҷик
ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.



