Медали нуқраи Анвар Юнусов дар мусобиқаи Боку

Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки аз 16 то 25 июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку бо иштироки 375 варзишгар аз 92 кишвари дунё доир гардид, ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ […]

ASIA-Plus



Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки аз 16 то 25 июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку бо иштироки 375 варзишгар аз 92 кишвари дунё доир гардид, ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 60 кило Анвар Юнусов аз ҳарифи худ – муштзани Голландия Энрико Ле Курсу бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, вале сарфи назар аз ин натиҷа, муштзани пуртаҷрибаи тоҷик

ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016

мушарраф гашт.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳамин тариқ, то имрӯз

панҷ варзишгари тоҷик

ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.