Ҳалокати 6 нафар дар садамаҳои нақлиётии тайи ду рӯзи ахир

Садамаҳои нақлиётие, ки таи ду рӯзи ахир дар ҳудуди кишвар рух доданд, мутаассифона, ба ҳалокати 6 нафар боис гардиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 26.05.с.2016, тахминан соати 14.30-дақиқа, ронандаи автомашинаи  тамғаи “БМВ” марди 25-солаи сокини шаҳри Норак ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи А.Қаҳҳоров аз самти кӯчаи Машъал ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони шаҳри Душанбе, […]

ASIA-Plus



Садамаҳои нақлиётие, ки таи ду рӯзи ахир дар ҳудуди кишвар рух доданд, мутаассифона, ба ҳалокати 6 нафар боис гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 26.05.с.2016, тахминан соати 14.30-дақиқа, ронандаи автомашинаи  тамғаи “БМВ” марди 25-солаи сокини шаҳри Норак ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи А.Қаҳҳоров аз самти кӯчаи Машъал ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаашро чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, 27.05.с.2016, тахминан соати 21.40-дақиқа, ронандаи автомашинаи  тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 22-солаи сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди “Исфара-Ворух”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурх, чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур: ҷавонони 22 ва 23-солаи сокинони шаҳри Исфара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Айни замон як нафар мусофири 22-солаи автомашинаи номбурда, сокини ҳамин шаҳр бо бардоштани ҷароҳатҳои  ҷисмонӣ дар беморхона қарор дорад.

Рӯзи 27.05.с.2016, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-Спринтер”, марди 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар километри 109-уми роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаннок”, дар ҳудуди мавзеи “Пете”-и ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони муҳофизатӣ бархӯрда, сипас ба дарёи “Фон” афтидааст.

Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашинаи мазкур, марди 40-солаи сокини ноҳияи Деваштич ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Бо рух додани ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона як нафар мусофири дохили автомашина, зани 51-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар дарё ғарқ шудааст. Барои дарёфт намудани ҷасади зан чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Санаи 27.05.с.2016, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-55111”марди 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат,  ҳангоми ҳаракат аз самти маркази Ваҳдат ба самти деҳаи Чиртак, дар километри 23-юми роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 29-солаи сокини ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофири автомашинаи мазкур марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, мусофири дигари автомашинаи мазкур марди 54-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.