Занозании оммавии муҳоҷирон дар Петербург



Дар майдони сохтмони Кудровои шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иштироки муҳоҷирон занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар он беш аз 100 нафар иштирок доштаанд.

Бино ба иттилои портали иттилоотии вилояти Ленинград

47news.ru

, занозанӣ дар натиҷаи муноқишаи лафзии як зодаи Доғистон ва муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна рух дода, ӯ бо автомашинааш аз назди майдони сохтмон мегузаштааст.

«Бо сабаби номаълум ӯ бо чанде аз муҳоҷирон ба муноқиша пардохта, дар натиҷа мавриди лату кӯб қарор мегирад ва сипас он ҷоро тарк карда, дубора барои дастгирӣ бо чанд тани дигар бармегардад», – омадааст дар хабар.

Ба қавли шоҳидони ҳодиса дар муноқиша аз чӯбу санг ва арматура, ҳамчунин силоҳи ҷароҳатдеҳ (травматический) истифода шуда, дар занозанӣ натанҳо одамон, балки се автомашинаҳои тамғаҳои «Сузуки», «Жигули» ва «Тойота» низ осеб дидаанд, ки ба эҳтимоли зиёд зодагони Доғистон тариқи онҳо ба мавзеи сохтмон омада будаанду ҳамаи онҳо чаппагардон шудаанд.

Гуфта мешавад, занозанӣ дер давом накарда, замони ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони пулис ва ОМОН, иштирокчиёни он қариб ки комилан пароканда шудаанд. Ба шуъбаи пулис хамагӣ 20 нафарро оварда, имрӯз мақомоти пулис шоҳидони ҳолро бозпурсӣ мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное