Анҷоми ваколатҳои сафири Швейтсария дар Тоҷикистон



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 28 июни соли 2016 сафири Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон Мауро Рейнаро ба муносибати ба итмом расидани рисолаташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар баробари ин, аз ҷониби Швейтсария сардори Шуъба оид ба Аврупо, Осиёи Марказӣ, Шурои Аврупо ва САҲА-и Раёсати федералии корҳои хориҷии Швейтсария ҷаноби Николас Брюл, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Швейтсария (29 июни соли 2016) ташриф овард, иштирок намуд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария, мавзӯъҳои об ва минтақа, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.  

Зикр мегардад, ки С. Аслов ба М. Рейна барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария изҳори ташаккур намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо орзу кард.

spot_imgspot_img

Популярное