Парвоз тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул мутаваққиф нашуд

Имрӯз парвози ҳавопаймоҳо аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Истанбули Туркия, ки чанде қабл дар фурудгоҳи он амали террористӣ содир шуд, ба нақша гирифта нашудааст. Дар робита ба амали террористии шоми рӯзи 28 июн, фаъолияти фурудгоҳи шаҳри Истанбул қатъ шуда, аз дубора барқарор шудани кори он имрӯз интизорӣ меравад. Имрӯз аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози ҳавопаймоҳои худ […]



Имрӯз парвози ҳавопаймоҳо аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Истанбули Туркия, ки чанде қабл дар фурудгоҳи он амали террористӣ содир шуд, ба нақша гирифта нашудааст.

Дар робита ба амали террористии шоми рӯзи 28 июн, фаъолияти фурудгоҳи шаҳри Истанбул қатъ шуда, аз дубора барқарор шудани кори он имрӯз интизорӣ меравад. Имрӯз аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози ҳавопаймоҳои худ ба Истанбулро ба таъхир гузоштанд.

Намояндаи ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines, ки бо хатсайри Душанбе – Истанбул дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад, ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки парвози наздиктарини ҳавопаймои ширкат аз Истамбул ба Душанбе пагоҳ, 30 июн соати 5-и субҳ дар назар аст. Ӯ гуфт, доир ба тағйирот дар вақти парвози ҳавопаймоҳо саривақт маълумот пахш хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳри Исиамбул низ тағйироте сурат нагирифтааст. «Айни замон дар ҷадвали парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул – Душанбе ҳеҷ тағйироте ворид нашудааст», – гуфт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкат Тимур Бандишоев.

Номбурда хотиррасон намуд, ки айни замон ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Душанбе – Истанбул – Душанбе дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе се парвоз анҷом дода, парвози наздиктарин рӯзи ҷумъа, 1 июл ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул

таркишҳо ба вуқӯъ пайваста

, ба талафоти зиёди ҷонӣ боис шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ

изҳор намуд

, ки миёни осебдидагон дар амалҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.