ВКХ: Тоҷикистониён аз таркишҳо дар Истанбул осеб надидаанд

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки миёни осебдидагон дар амалҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Дар департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон дар ин робита қайд карданд, ки тибқи маълумоти саҳеҳи ахир, дар байни 47 нафар қурбониёну 147 захмишудагон дар таркишҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудаанд. Ёдрас […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки миёни осебдидагон дар амалҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.






Дар департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон дар ин робита қайд карданд, ки тибқи маълумоти саҳеҳи ахир, дар байни 47 нафар қурбониёну 147 захмишудагон дар таркишҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул

таркишҳо ба вуқӯъ пайваста

, ба талафоти зиёди ҷонӣ боис шуданд.

Бино ба маълумоти ВАО, то субҳи имрӯз шумори кушташудагон аллакай 50 нафар ва захмишудагон ҳудуди 150 нафар арзёбӣ мешавад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳфаҳои худ зикр мекунанд, ки таркишҳо ба муносибати солгарди таъсиси созмони террористии Давлати исломӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Ду сол қабл, санаи 29 июни соли 2014 Давлати исломӣ таъсиси ба истилоҳ «халифат»-ро бо қонунҳо ва мақомоти мустақили ҳокимият эълон дошта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.