Сокини Ҳисор зери чархи тепловоз ҳалок шуд

Як зани 54-солаи сокини ноҳияи Ҳисор зери чархи тепловоз монда, ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон,  тахминан соати 03:55-дақиқаи рӯзи 28 июн тепловози тамғаи “ТЭМ-2 4143” таҳти идораи марди 58-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва марди 42-солаи сокини  шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар километри 46-63-и хати роҳи оҳани Душанбе-Пахтаобод, дар ҳудуди ноҳияи […]

ASIA-Plus



Як зани 54-солаи сокини ноҳияи Ҳисор зери чархи тепловоз монда, ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон,  тахминан соати 03:55-дақиқаи рӯзи 28 июн тепловози тамғаи “ТЭМ-2 4143” таҳти идораи марди 58-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва марди 42-солаи сокини  шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар километри 46-63-и хати роҳи оҳани Душанбе-Пахтаобод, дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор зани 54-солаи сокини ноҳияи зикргардидаро пахш намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.