Даъвати дабири кулли СҲИ ба иштирок дар кори Ҳамоиши об дар Душанбе

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ рӯзи 28 июн бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар умури сиёсӣ Абдулло Амлим дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, сафир ба ҳамсуҳбати худ даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро ба унвони дабири кулли СҲИ Иёдл Амин Мадин ҷиҳати […]



Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ рӯзи 28 июн бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар умури сиёсӣ Абдулло Амлим дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, сафир ба ҳамсуҳбати худ даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро ба унвони дабири кулли СҲИ Иёдл Амин Мадин ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиш (симпозиум)-и сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои ҳадафноки «Расидан ба дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» супурд.

Қаблан Заробиддин Қосимӣ чунин даъватномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ низ тақдим карда буд.

Ёдрас мекунем, ки Ҳамоиши сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои ҳадафноки «Расидан ба дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ созмон дода шуда, рӯзҳои 9-11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе доир мегардад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.