Ҳодисаҳои навбатии кордкашӣ дар Ваҳдату Душанбе

Шабонарӯзи гузашта дар қисмати марказии Тоҷикистон ду далели ҷинояткорӣ бо истифода аз корд ба қайд гирифта шуда, кормандони милитсия ба гумони расонидани зарар ба саломатӣ 3 нафарро боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар ин ҳодисаҳо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Ваҳда боздошт шудааст, ки аз ҳиссиёти авбошӣ бо […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи гузашта дар қисмати марказии Тоҷикистон ду далели ҷинояткорӣ бо истифода аз корд ба қайд гирифта шуда, кормандони милитсия ба гумони расонидани зарар ба саломатӣ 3 нафарро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар ин ҳодисаҳо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Ваҳда боздошт шудааст, ки аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 20-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шиками ӯ зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа ҷавони ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ  гардидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе низ дар ин рӯз ду ҷавони 19 ва 22-солаи сокинони шаҳри Норак дар гумонбарӣ ба ҷинояти дар боло зикргардида дастгир гардидаанд, ки зимни муноқиша дар назди роҳи оҳани кӯчаи Лермонтови ш.Душанбе бо ҷавонони 19 ва 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе  ҷавони 19-солаи сокини ш. Норак бо корди дар дасташ буда, ба қисмати шикам ва қафаси синаи ду нафари охирин зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷавонони ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.