Муаррифии маърӯзаи СММ оид ба маводи мухаддир дар Душанбе

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ доир ба Маърӯзаи умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Агентӣ, Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, рӯзноманигорони […]

ASIA-Plus



Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ доир ба Маърӯзаи умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Агентӣ, Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти АНМН, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Юсуф Қурбонов табрикоти Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федовро ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он қироат намуда, Маърӯзаи умумиҷаҳонии СММ-ро оид ба маводи нашъаовар дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Дар Маърӯза тағйиротҳои охирин дар бозори маводи нашъаовари манъшуда, истеҳсоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ дар Афғонистон, мусодираи маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, истеҳсолот ва истеъмоли маводи нашъаовар шарҳ дода шуд.

Масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ, инчунин масъалаҳои истеъмоли маводи нашъаовар, зарари он ба ҷисми инсон, рушди алтернативӣ, ба мисли стратегияи дарозмуддати мубориза бар зидди парвариши растаниҳои нашъадор таҳлил карда шуданд.

Журналистон дар мавзӯи ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мушкилоти истеъмоли маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ саволҳои мушаххас доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.