Виталий Левченко сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

Виталий Левченко, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов аз ҷониби ФФТ ба мансаби сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19- солаи кишвар таъйин гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , Левченко ҷавонони мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн доир мегардад, омода мекунад. Ба ӯ Рустам Хоҷаев, […]

АМИТ «Ховар»



Виталий Левченко, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов аз ҷониби ФФТ ба мансаби сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19- солаи кишвар таъйин гардид.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, Левченко ҷавонони мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн доир мегардад, омода мекунад. Ба ӯ Рустам Хоҷаев, Алишер Тӯхтаев ва Амоншо Саодатсайров кумак мерасонанд.

Гуфта мешавад, Виталий Левченкои 44-сола  соҳиби таҷрибаи бойи мураббигии дастаҳои мунтахаби ҷавонону наврасонро доро буда, дар ин ҷода дастаҳои мунтахаби Украинаро машқ додааст ва дар иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Украина дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Зеландияи нав баргузор шудааст, кумак намуда, дастаро то бозиҳои 1/8-ниҳоӣ баровардааст.

Баъдан дастаи мунтахаби футболи то 17-солаи ин кишварро соли гузашта дар бозиҳои Ҷоми Аврупо дар Озарбойҷон ҳамроҳӣ кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.