Амали террористӣ дар Отатурк 36 кушта бар ҷой гузошт

Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим изҳор доштааст, ки се террористи маргталаб худро дар терминали байнулмилалии фурудгоҳи шаҳри Истанбул тарконида, бар асари он 36 нафар ба ҳалокат расидаанд. Биналӣ Йилдирим бар ин назар аст, ки содир шудани амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул кори дастаи «Давлати исломӣ» аст. Ӯ аз 36 нафар қурбонии […]

ASIA-Plus



Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим изҳор доштааст, ки се террористи маргталаб худро дар терминали байнулмилалии фурудгоҳи шаҳри Истанбул тарконида, бар асари он 36 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Биналӣ Йилдирим бар ин назар аст, ки содир шудани амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул кори дастаи «Давлати исломӣ» аст. Ӯ аз 36 нафар қурбонии ин амали террористӣ ва 147 нафар захмишудагон иттилоъ додааст. Ба қавли нахуствазири Туркия, террористон аввал аз силоҳ оташ кушода, сипас худро тарконидаанд.

Ғайр аз ин, CNN бо истинод ба мансабдорони амрикоӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳамла ба фурудгоҳ дорои аломатҳои махсусе мебошад, ки аз он Давлати исломӣ истифода мекунад.

Қобили зикр аст, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул ду таркиш ба вуқӯъ пайваст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.