Берун овардани ҷасадҳо аз кони тиллои Шугнов

Бар асари фурӯ рафтани як теппа дар кони тиллои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг ду корманди корхонаи истеҳсоли тиллои «Тиллои тоҷик», сокинони ҷамоати Сариосиёи ин ноҳия ҳалок шуданд. Котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса шоми рӯзи 27 июн замоне рух додааст, […]

ASIA-Plus



Бар асари фурӯ рафтани як теппа дар кони тиллои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг ду корманди корхонаи истеҳсоли тиллои «Тиллои тоҷик», сокинони ҷамоати Сариосиёи ин ноҳия ҳалок шуданд.

Котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса шоми рӯзи 27 июн замоне рух додааст, ки бародарон Тоҳир Маҳмадови 47-сола ва Дилшод Маҳмадови 29-сола ба ҷустуҷӯи тилло машғул будаанд.

Тибқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, бародарон ғайриқонунӣ ба истихроҷи металли қиматбаҳо машғул будаанд. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, онҳо коргарони корхонаи «Тиллои тоҷик» мебошанд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 28 июн ҷасадҳои бародарон аз зер хок берун оварда шуда, ба ихтиёри хешовандону наздиконашон супурда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки корхонаи «Тиллои тоҷик» қаблан ҳамчунин корхонаи муштараки «Дарвоз»-и Тоҷикистону Канада фаъолият дошта, айни замон корхонаи давлатии истеҳсоли тилло мебошад. Тиллои ин кон навъи беҳтарин дар Тоҷикистон шуморида шуда, маҳсулоте, ки аз ҷониби ин корхона истихроҷ мешавад, ба фурӯш нарафта, дар захираи давлат нигаҳдорӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.