Фарзандатон эҷодиёти Умари Хайёмро азёд медонад? Шумо дар варзишу касб ё дар таҳсилу омӯзиш ва ё соҳаи дигаре ба дастоварди назаррасе соҳиб гаштаед?
Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқолияти Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии «ASIA-Plus», гурӯҳи расонаҳои «ASIA-Plus» ва ширкати Tcell таҳти унвони «Рекорди шахсии ман» озмун баргузор мекунанд.
Дар навори видеоии кӯтоҳ шумо метавонед дар бораи дастоварди худ ҳикоят карда ва ё онро намоиш бидиҳед. Сипас кофист, ки ин навори видеоро ба саҳифаи радиои «Asia-Plus» дар Facebook –
https://www.facebook.com/radioasiaplus/
бифиристед.
Ҳайати ҳакамон дар симои кормандони «Азия-Плюс» ва ширкати Tcell бо назардошти муҳтавои навори видео, тарзу усулҳои пешрафтаи пешниҳоди он ва ҳамчунин шумори пахшҳо (лайкҳо) ба он, се нафар ғолибонро интихоб мекунанд.
Ғолибонро туҳфаҳои зерин интизор аст:
Ҷойи 1-ум – TV LED Osten, 32” аз радиои Asia-Plus ва 25 Гб интернети мобилӣ аз Tсell дар муддати 3 моҳ.
Ҷойи 2-юм – Смартфони LG G4 аз радиои Asia-Plus ва 25 Гб интернети мобилӣ аз Tcell дар муддати 1 моҳ.
Ҷойи 3-юм – Смартфони LG LEON аз радиои Asia-Plus ва 25 Гб интернети мобилӣ аз Tсell дар муддати 1 моҳ
Бишитобед! Озмун то 13 июл идома меёбад!





