Президенти Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) Сзин Литсюн изҳор доштааст, ки барои сармоягузории 4 лоиҳа дар Бангладеш, Индонезия, Покистон ва Тоҷикистон 509 млн. доллари ИМА ҷудо шудааст.
Бино ба
иттилои
хабаргузории ТАСС, президенти бонк ҳамчунин қайд кардааст, ки то ахири соли 2016 шумори аъзои БОСИ то 100 кишвар расида, соли 2017 низ бонк ба қабули аъзои нав идома медиҳад.
«Нимаи дуюми соли 2016 навбати дюм ва сеюми сармоягузориҳо ба лоиҳаҳо пешниҳод хоҳад шуд», – иброз доштааст президенти бонк.





