Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) тадбирҳои таъмини амният пурзӯр карда шуданд.
Ба бинои фурудгоҳ танҳо мусофирон бо билеташон дар даст роҳ дода шуда, ба гуселкунандагону пешвозгирандагон дохилшавӣ ба терминал манъ аст. Алҳол саҳеҳан маълум нест, ки то кай чунин тартибот дар фурудгоҳ идома меёбад.
Намояндагони ФБД ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чунин чораҳо дар робита ба амали террористии рӯзи 28 июн дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул роҳандозӣ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки бар асари амали террористии шоми 28 июн дар фурудгоҳи Истанбул 42 нафар ҳалок ва 239 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин амали террористӣ аз ҷониби гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» содир шудааст.





