Таҳкими тадбирҳои амниятӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) тадбирҳои таъмини амният пурзӯр карда шуданд. Ба бинои фурудгоҳ танҳо мусофирон бо билеташон дар даст роҳ дода шуда, ба гуселкунандагону пешвозгирандагон дохилшавӣ ба терминал манъ аст. Алҳол саҳеҳан маълум нест, ки то кай чунин тартибот дар фурудгоҳ идома меёбад. Намояндагони ФБД ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чунин […]

ASIA-Plus



Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) тадбирҳои таъмини амният пурзӯр карда шуданд.

Ба бинои фурудгоҳ танҳо мусофирон бо билеташон дар даст роҳ дода шуда, ба гуселкунандагону пешвозгирандагон дохилшавӣ ба терминал манъ аст. Алҳол саҳеҳан маълум нест, ки то кай чунин тартибот дар фурудгоҳ идома меёбад.

Намояндагони ФБД ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чунин чораҳо дар робита ба амали террористии рӯзи 28 июн дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул роҳандозӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки бар асари амали террористии шоми 28 июн дар фурудгоҳи Истанбул 42 нафар ҳалок ва 239 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин амали террористӣ аз ҷониби гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» содир шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.