Табиат мекунад моро табобат (чандрасонаӣ)

Айни ҳол корхонаҳои дорусозии ҷумҳуриамон аз 45 намуди гиёҳ дору тайёр мекунанд, дар ҳоле ки барои омодасозии доруворӣ беш аз 100 навъи гулу гиёҳи Тоҷикистонро ба кор бурдан мумкин будааст. Ин омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бозгӯйи он аст, ки аз шароиту имконоти фарохи истеҳсоли доруворӣ дар кишвар ҳанӯз кам истифода мегардад. […]

Умед Мирзоев, Муҳаммади Мусавӣ, Азиза Имомалиева, Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, махсус барои ASIA-Plus

Айни ҳол корхонаҳои дорусозии ҷумҳуриамон аз 45 намуди гиёҳ дору тайёр мекунанд, дар ҳоле ки барои омодасозии доруворӣ беш аз 100 навъи гулу гиёҳи Тоҷикистонро ба кор бурдан мумкин будааст.

Ин омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бозгӯйи он аст, ки аз шароиту имконоти фарохи истеҳсоли доруворӣ дар кишвар ҳанӯз кам истифода мегардад. Аз ин рӯ, тақвияти бештари соҳа барои таъмини аҳолӣ бо доруҳои босифати истеҳсоли ватанӣ лозим дониста мешавад.

Варзоб, ки минтақаи сайёҳист, осоишгоҳу марказҳои солимгардонии зиёд дорад. Ҳамасола одамон аз гӯшаву канори кишвар ва ҳатто берун аз он барои истироҳату табобат ба ин ҷо меоянд. Муолиҷа дар осоишгоҳҳои он ҳамчунин бо истифода аз рустаниҳои шифобахш, ки дар кӯҳдомани ин мавзеъ мерӯянд, сурат мепазирад. Аз ҷумла, гиёҳдармонӣ дар осоишгоҳҳои "Хоҷа Оби Гарм" ва "Сароб", ки дар ҳалқаи кӯҳҳои сарбафалак ҷойгиранд, ба таври васеъ истифода мешавад.

Гиёҳшиносон хусусияти шифобахшии рустаниҳоро беҳтар аз дорувории дар ширкатҳои фармасевтӣ истеҳсолшуда арзёбӣ мекунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ҳангоми истеҳсоли чунин дору маводи кимиёвӣ, ки бархеи он ба саломатии инсон таъсири манфӣ ҳам дорад, корбурд мешавад.

Дар деҳаи Хоҷа Оби Гарми ноҳияи Варзоб як гурӯҳ занон рӯзгори худро аз ҳисоби фурӯши гиёҳҳои табобатӣ пеш мебаранд.

Раъно Саъдиева тӯли 15 сол гиёҳфурӯшӣ мекунад. Вай мегӯяд, ки дар ҳудуди ин минтақа беш аз 100 намуди гиёҳ, аз ҷумла, кокутӣ, ширинбия, пудинаи кӯҳӣ, ҷамилак, бобуна, ҳазориспанд ва заррингиёҳ мерӯянд. Ин рустаниҳо барои раҳоӣ аз бемориҳои гуногун мусоидат мекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, алъон дар кишвар 20 корхонаи истеҳсолии соҳавӣ мавҷуд буда, ҳудуди 150 намуд доруворӣ ва маводи тиббӣ тавлид мекунанд. Вале коршиносон омори мазкурро ба шароиту имконоти мавҷуда мувофиқ намедонанд. Гуфта мешавад, ки истифодаи беҳтар аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон агар аз як ҷониб ба таъмини солимии аҳолӣ мусоидат кунад, аз сӯйи дигар ба буҷаи кишвар даромади назаррас оварда метавонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.