Боздошти боз 11 нафар ба гумони даст доштан дар амали террористии Истанбул



Кормандони шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати амнияти шаҳри Истанбул имрӯз, 1 июл боз 11 нафарро ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул боздошт намуданд.

Хабаргузории

ТАСС

бо истинод ба шабакаи телевизионии

Habertürk

дар ин робита менависад, ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.

Гуфта мешавад, миёни онҳо гӯё шаҳрванди Русия ҳам ҳузур доштааст. Гумонбаршудагони боздоштшуда аъзои гурӯҳи терроистии Давлати исломӣ будаанд, ки фаъолияташ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон манъ эълон шудааст.

Ҳамин тариқ, аз рӯи далели содир шудани амали террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул дар маҷмӯъ 24 нафар боздошт шуданд.

Қобили зикр аст, ки бар асари таркишҳои рухдода дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 44 нафар, аз ҷумла 19 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳалок ва ҳудуди 240 нафари дигар осеб диданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

иттилоъ дод

, ки миёни осебдидагон аз ин ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

spot_imgspot_img

Популярное