Сабти беш аз 83,5 ҳазор нафар довталабони идомаи таҳсил

Имрӯз дар 43 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 12 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Маркази милии тестии назди президенти ҶТ, дар соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 довталабро ташкил мекунад. Қайд мешавад, […]



Имрӯз дар 43 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 12 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Маркази милии тестии назди президенти ҶТ, дар соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 довталабро ташкил мекунад.

Қайд мешавад, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру ноҳияи инихобии ҷумҳурӣ дар 43 маркази имтиҳоние, ки аз ҷониби вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор мегарданд. Рӯйхати марказҳои имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Ёдрас мешавад, ки имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 13-уми июл дар марказҳои имтиҳонӣ ва аз рӯйи қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз 25-уми июн то 5-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегарданд.

Нишонии маркази имтиҳон дар даъватнома нишон дода мешавад.

Дар маҷмӯъ довталабон имтиҳонҳои зеринро месупоранд:

Қисми А (имтиҳони умумӣ) аз 3 субтести иборат аз 4 фанни таълимӣ (забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ);

Қисми Б (имтиҳони ихтисос) аз 3 субтести иборат аз 3 фанни таълимӣ (вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо);

Қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус) – дар сурати интихоб кардани ихтисосҳое, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 25 июл ва пешбинӣ гардидааст. Инчунин натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро муассисаҳои таълимии дахлдор дар давоми 1-2 рӯз пас аз имтиҳонҳои мазкур ва Марказ 25 уми июл эълон менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.