Боздошти боз 11 нафар ба гумони даст доштан дар амали террористии Истанбул

Кормандони шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати амнияти шаҳри Истанбул имрӯз, 1 июл боз 11 нафарро ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул боздошт намуданд. Хабаргузории ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии Habertürk дар ин робита менависад, ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Гуфта мешавад, миёни онҳо гӯё шаҳрванди Русия […]



Кормандони шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати амнияти шаҳри Истанбул имрӯз, 1 июл боз 11 нафарро ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул боздошт намуданд.

Хабаргузории

ТАСС

бо истинод ба шабакаи телевизионии

Habertürk

дар ин робита менависад, ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.

Гуфта мешавад, миёни онҳо гӯё шаҳрванди Русия ҳам ҳузур доштааст. Гумонбаршудагони боздоштшуда аъзои гурӯҳи терроистии Давлати исломӣ будаанд, ки фаъолияташ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон манъ эълон шудааст.

Ҳамин тариқ, аз рӯи далели содир шудани амали террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул дар маҷмӯъ 24 нафар боздошт шуданд.

Қобили зикр аст, ки бар асари таркишҳои рухдода дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 44 нафар, аз ҷумла 19 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳалок ва ҳудуди 240 нафари дигар осеб диданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

иттилоъ дод

, ки миёни осебдидагон аз ин ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.