Ҳукми 8 соли зиндон ба нашъаҷаллоб «Хирс» дар ВМКБ



Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокини шаҳри Хоруғ Анвар Имроншоевро, ки бештар бо лақабҳои «Хирс» ва «Буф» маъруф аст, ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ нимаи моҳи марти соли равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд.

Бино ба маълумоти КДАМ Тоҷикистон, А.Имроншоев зимни амалиёти муштарак бо кормандони ВКД, Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳамдастӣ бо сокинони шаҳри Хоруғ дастгир шудааст.

«Муддати чандин сол маҳкумшуда бо паҳн кардану фурӯши маводи мухаддир миёни ҷавонон машғул буда, яке аз таҳвилгарони асосии ин мавод дар Хоруғ ба шумор мерафт», – қайд мекунанд дар КДАМ.

Тибқи маълумоти сохторҳои қудратӣ, зимни кофтукови манзили ӯ 61 адад бастаҳои дорои маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт шудааст.

Дар маълумоти КДАМ таъкид мешавад, ки А.Имроншоев баъди як қатор муроҷиатҳои шаҳрвандон, пеш аз ҳама модарони шаҳри Хоруғ, ки фарзандонашон ба бемории нашъамандӣ мубтало гардида буданд, боздошт шудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное