Изҳороти ШВКХ СААД доир ба Сурия ва Қаробоғи Кӯҳӣ



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ШВКХ СААД), ки 4 июл дар шаҳри Ереван баргузор гардид, ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани чолишу хатарҳо дар минтақаи масъулияти СААД мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон, оид ба беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи Созмон ва таҳкими иқтидори он қарорҳо қабул карда шуданд.

Хадамоти матбуоти СААД дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки зимни ҷаласа мушкилоти бештар муҳими таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, Сурия ва дар маҷмӯъ дар Шарқи Наздик ва ҳамчунин яке аз минтақаҳои доғ – Қарабоғи Кӯҳӣ баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД Изҳорот «Доир ба вазъи Сурия ва гирду атрофи он» ва Изҳорот оид ба низоъ дар Қаробоғи Кӯҳиро қабул карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД нимаи дуюми соли 2016 дар шаҳри Ереван пеш аз иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки моҳи октябри соли равон дар назар аст, баргузор мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное