Президент манъи додани хайрия ба ходимони динро ёдрас кард

Дар маҷлиси кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 -уми июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари баррасии масъалаҳои дохиливу хориҷии кишвар, инчунин оид ба аҳамияти арзишҳои миллӣ, риояи суннатҳо, амалҳои башардӯстона ва ёрӣ расонидан ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда изҳори назар намуда, […]

ASIA-Plus



Дар маҷлиси кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 -уми июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари баррасии масъалаҳои дохиливу хориҷии кишвар, инчунин оид ба аҳамияти арзишҳои миллӣ, риояи суннатҳо, амалҳои башардӯстона ва ёрӣ расонидан ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда изҳори назар намуда, аз ҷумла дастур дод, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар арафаи иди Рамазон чорабиниҳои хайриявиро дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ амалӣ намоянд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунон президент аз мардуми мамлакат даъват намуд, ки фитри рӯзаро тибқи фармудаҳои шариат танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда расонанд ва аз ҷониби ин табақаҳо додани фитри рӯзаро ҷоиз надонист.

Дар баробари ин ёдрас кард, ки супоридани фитри рӯза ба ходимони дин ва шахсони доро манъ аст.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ахбори омма муҳтаво ва таъиноти фитри рӯзаро ба аҳолии мамлакат тарғиб намоянд.

Доир ба ин масъалаҳо имрӯз инчунин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки дар он мақомоти дахлдор вазифадор карда шуд, ки дар доираи суннатҳои миллӣ амал намуда, риояи талаботи дар боло зикршударо дар кишвар таъмин намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.