Эҳтимоли аз бозорҳои пойтахт ронда шудани тоҷирони беинсоф

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 4 июл бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва худфаъолияти ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони гуруҳи фейсбуку сомонаҳои фаъоли иҷтимоии интернетӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ  ва соҳибкорон баргузор гашт ҷаласаи васеи шаҳрдориро […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 4 июл бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва худфаъолияти ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони гуруҳи фейсбуку сомонаҳои фаъоли иҷтимоии интернетӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ  ва соҳибкорон баргузор гашт ҷаласаи васеи шаҳрдориро баргузор намуд, ки дар он масъалаҳои танзими нархҳо дар бозори истеъмолӣ ва таъмини ҳуқуқҳои истеъмолгарон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе, дар ҷаласа бо инобати ташаббуси соҳибкорон қарор гардид, ки рӯзҳои 4-5 июли соли 2016 баҳри пурфайзу эҳсон намудани дастурхони идонаи сокинон фурӯши 21 намуди анвои маҳсулоти ниёзи аввалия  бо риояи нархҳои тавсиявии:  1 кг картошка -1 сомонию 20 дирам, карам – 80 дирам, бехпиёз – 80 дирам, сабзӣ -1 сомонию 50 дирам, помидор – 2 сомонию 50 дирам, бодиринг – 3 сомонӣ, себ-5 сомонию 40 дирам, биринҷ – 8 сомонию 50 дирам, нахӯд – 13 сомонӣ, лӯбиё- 8 сомонӣ, мош- 8 сомонӣ, равғани пахтаи доғкардашуда – 10 сомонӣ, гӯшти гов – 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 31 сомонӣ, шакар – 6 сомонӣ, чойи сиёҳ 17 сомонӣ, чойи кабуд -18 сомонӣ, 1 литр шир- 3 сомонӣ, 10 дона тухм – 6 сомонӣ, 1 кг орди навъи якум – 3 сомонӣ ва 1 дона нони 400 грамма 1 сомонию 50 дирам дар тамоми бозорҳои коммуналию хусусии дар марзи шаҳр фаъолиятдошта  таъмин карда шавад.

Гуфта мешавад, ин дастур сарфи назар аз шакли моликия. Ба ҳамаи бозорҳои пойтахт дахл дошта, ҳамзамон, муқаррар гардид, соҳибкороне, ки дар риояи  ин иқдомоти дастаҷамъона дар рӯзҳои зикршуда бо хунукназарӣ муносибат менамоянд, фаъолияташон дар бозорҳои бамушоҳидарасида қатъ карда мешавад.

Дар ин зимн аз кулли сокинони шаҳр даъват карда мешавад, ки нисбати маҳсулоти мавриди таваҷҷуҳ аз нархҳои тавсияшуда зиёд харидорӣ накунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.