Кӯшиши воридоти ғайриқонунии трансформатор аз Қирғизистон

Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ аз кӯшиши воридоти ғайриқонунии як миқдор дастгоҳҳои барқтаъминкунанда (трансформаторҳо) аз Қирғизистон ба қаламрави кишвар ҷилавгирӣ намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, зодаи ноҳияи Спитамен Р.Р.-и 38-сола бо роҳи ғайриқонунӣ ва бидуни анҷоми расмиёти гумрукӣ аз кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурӣ 8 адад трансоформаторҳоро ворид кардааст. Ба иттилои манбаъ, […]

ASIA-Plus



Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ аз кӯшиши воридоти ғайриқонунии як миқдор дастгоҳҳои барқтаъминкунанда (трансформаторҳо) аз Қирғизистон ба қаламрави кишвар ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, зодаи ноҳияи Спитамен Р.Р.-и 38-сола бо роҳи ғайриқонунӣ ва бидуни анҷоми расмиёти гумрукӣ аз кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурӣ 8 адад трансоформаторҳоро ворид кардааст.

Ба иттилои манбаъ, иқтидори трансформаторҳо ба 100 кВА то 400 кВА баробар буда, арзиши умумии онҳо беш аз 208 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 289, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол шудааст. Барои содир намудани ин ҷиноят ҷарима дар ҳаҷми аз 10 то 36 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.