Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахрвандони кишварро ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон ва фарорасии Иди Фитр табрик гуфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар
паёми телевизионӣ ба ин муносибат
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадони кишвар осоишу ободӣ ва хайру баракат орзу намуд.
«Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд», – омадааст дар паём.
Гуфта мешавад, мардум дар рӯзи ин иди муборак ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, аз ҷумла ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд ва ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд.
«Одамон иди саиди Фитрро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом – рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек истиқбол мегиранд ва кӯшиш мекунанд, ки хурсандии идона насиби ҳама бошад ва файзу савоби он низ ба ҳама баробар расад», – қайд мешавад дар паёми сарвари давлат.
Президент дар паёми худ изҳори итминони амиқ мекунад, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бо нангу номус дар рӯзҳои иду айём ва ҳамеша бо дарназардошти суннатҳои неки аҷдодӣ ва дар асоси фармудаҳои дини ислом барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ободиву оромии Ватани озодамон ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик кӯшиш менамояд.
«Чунонки ҳамватанони азизи мо хуб огоҳанд, вақтҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз номи дини ислом аъмоли даҳшатноки террористиву экстремистӣ ва содир намудани кирдорҳои фоҷиабори асримиёнагӣ вусъат гирифта истодааст ва аз ин лиҳоз, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ созем ва барои омӯзиши илму дониш, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва эҳтирому риояи қонуният ташвиқ намоем», – таъкид мешавад дар паём.





