Давоми 3 сол БОР ба Тоҷикистон 241 млн. $ ҷудо мекунад

Давоми солҳои 2016-2018 Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иқтисодии фарогир (инклюзивӣ) ва баргузории ислоҳоти сохторӣ ҷиҳати беҳбуди муҳити сармоягузорӣ 241 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Сомонаи расмии БОР дар ин робита менависад, ин барномаи индикативии кумак аз лоиҳаҳо оид ба дастгирии ислоҳоти сохторӣ барои тақвияти муҳити сармоягузорӣ, рушди зербинои нақлиёт […]

ASIA-Plus



Давоми солҳои 2016-2018 Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иқтисодии фарогир (инклюзивӣ) ва баргузории ислоҳоти сохторӣ ҷиҳати беҳбуди муҳити сармоягузорӣ 241 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

Сомонаи расмии БОР дар ин робита менависад, ин барномаи индикативии кумак аз лоиҳаҳо оид ба дастгирии ислоҳоти сохторӣ барои тақвияти муҳити сармоягузорӣ, рушди зербинои нақлиёт ва энергетика, беҳбуди малакаҳои касбӣ ва идоракунии захираҳои об ва таъмини амнияти ғизоӣ иборат аст.

Бино ба иттилои манбаъ, аз маблағи зикршуда соли 2016 ҷудо гардидани – 70 млн. $, соли 2017 – 85 млн. $ ва соли 2018 – 86 млн. доллари ИМА дар назар буда, аммо маблағҳои ниҳоӣ ба натиҷаҳои дастовардҳои миллӣ ва мавҷуд будани воситаҳо дар БОР вобаста хоҳанд буд.

«Ҷудо гардидани қарз ва грантҳо ба табақабандии вазъи қарзи хориҷии Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ таҳия мешаванд, асос хоҳад ёфт. То соли 2015 БОР ба Тоҷикистон танҳо грант пешниҳод мекард, лекин шурӯъ аз соли равон бар асоси қарзу грантҳо кумак расонида мешавад», – қайд мешавад дар маълумоти бонк.

Қобили зикр аст, ки сар аз соли 1998 БОР ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумаки техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,4 млрд. доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.

«Сарфи назар аз пешравии қобили мулоҳиза дар рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ, то ҳол дар ббахшҳои рушди зербино, дар навбати аввал низоми энергетикӣ, шабакаҳои нақлиётӣ ва муҳайё сохтани муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ мушкилоти ҷиддӣ ҷой дорад», – зикр мекунанд дар БОР.

Гуфта мешавад, БОР дар ҳамдастӣ бо ҳукумат барномаи озмоишии хусусигардонии нигаҳдориву истифодаи роҳҳо дар Тоҷикистонро роҳандозӣ намуда, ғайр аз ин, дар самти беҳбуди сифати ҷараёни харид ва азхудкунии воситаҳо низ тадбирҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.