Даргузашти овозхони маъруфи тоҷик Субҳони Саид

Субҳони Саид (Субҳон Саидов), овозхони маъруфи тоҷик ва раҳбари пешини дастаи “Гулшан”, шаби 4 ба 5 июл дар 56-солагӣ даргузашт. Абдуалии Маликзод – яке аз шогирдони Субҳони Саид  дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки маросими видоъ бо ин овозхон соати ёздаҳи 5 июл дар ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор хоҳад шуд. Субҳони Саид моҳи […]

Радиои Озодӣ



Субҳони Саид (Субҳон Саидов), овозхони маъруфи тоҷик ва раҳбари пешини дастаи “Гулшан”, шаби 4 ба 5 июл дар 56-солагӣ даргузашт.

Абдуалии Маликзод – яке аз шогирдони Субҳони Саид  дар суҳбат бо

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки маросими видоъ бо ин овозхон соати ёздаҳи 5 июл дар ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор хоҳад шуд.

Субҳони Саид моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, таълими 8-соларо дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъдан, се соли боқимондаи таҳсилро дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ идома додааст. Солҳои 1979 то 1981 дар шаҳри Маскав хидмати сарбозӣ карда, баъд аз он фаъолиятро ба ҳайси киномеханик дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор шуруъ намудааст.

Солҳои 1983-85 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” кор карда, соли 1986 барои кор ба дастаи ҳунарии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатӣ даъват шудааст. Аз соли 1993 то соли 2008 раёсати дастаи ҳунарии “Гулшан”-ро бар ӯҳда дошт.

Муаллифи даҳҳо оҳангу сурудҳои эстрадӣ ва мардумист. Соли 2003 дар озмуни сартосарӣ миёни овозхонҳои эстрадаи тоҷик бо касби мақоми аввал “Ситораи сол” эълон шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.