Дар Думаи давлатӣ аз узвияти Тоҷикистон ба ИИАО ибрози назар карданд

Раиси Кумитаи умури ИДМ, ҳамгиройии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Русия Леонид Слутский рӯзи 4 июл изҳор доштааст, ки ояндаи наздик Тоҷикистон оид ба хоҳиши пайвастан ба  Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) изҳори назар мекунад. «Бар ин назарам, ки соли наздиктарин Душанбе дар бораи хоҳиши худ изҳори назар хоҳад кард. Тоҷикистон нисбат ба ҳама […]

ASIA-Plus



Раиси Кумитаи умури ИДМ, ҳамгиройии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Русия Леонид Слутский рӯзи 4 июл изҳор доштааст, ки ояндаи наздик Тоҷикистон оид ба хоҳиши пайвастан ба  Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) изҳори назар мекунад.

«Бар ин назарам, ки соли наздиктарин Душанбе дар бораи хоҳиши худ изҳори назар хоҳад кард. Тоҷикистон нисбат ба ҳама гуна дигар кишварҳои узви ИДМ ба ин майл дорад», –

овардааст

гуфтаҳои Слутскийро «Лента.ру».

Дар ҳамин ҳол, узви парлумони Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки «ин интихоби кишварҳои соҳибистиқлол буда, мо касеро зӯран ба сӯи худ моил карданӣ нестем». «Агар кумитаи ИИАО аз Тоҷикистон дархости расмӣ гирад, мо рӯи амалисозии он фикр мекунем», – иброз доштааст ӯ.

Слутский эътироф кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон барои иштироки комил дар иттиҳоди ҳамгиройӣ алҳол омода нест ва дар ҳамин ҳол таъкид доштааст, ки пайвастани Тоҷикистон ба ин Иттиҳод ба рушди иқтисод дар кишвар ва соддаву мусбат ҳаллу фасл шудани як қатор масоили марбут ба муҳоҷират мусоидат менамояд.

Аввали моҳи феврали соли равон вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ

изҳор дошта буд

, ки ҷараёни омӯзиши масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то ҳол идома дорад.

«Аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ин самт корҳои ҷиддӣ ҷараён доранд, ки таҳлили ҳамаҷонибаи масъаларо тақозо мекунанд ва ҳанӯз аз натиҷаҳои он сухан гуфтан барвақт аст, зеро ин корҳо ҳол ба итмом нарасидаанд», – зикр кард вазир.

Дар робита ба мавқеи Тоҷикистон оид ба узвият ба ин Иттиҳод муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев қайд кард, ки «албатта, Тоҷикистон низ аз ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар канор буда наметавонад».

«Аммо, – идома дод ӯ. – Қабл аз пайвастан ба чунин иттиҳодҳо, мо бояд ҳамаи паҳлӯҳои онро омӯзем: мо аз он чӣ ба даст оварда метавонему чиро талаф медиҳем».

Назриев ҳамчунин илова кард, ки барои муайян кардани мавқеи худ дар ин масъала Тоҷикистон бояд онро «ҳамаҷонибаву амиқ таҳлил кунад».

Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.