Домоди яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) аз боздоштгоҳ раҳо шуд.
Ёдрас мекунем, ки Мирзоназар Фозилов, шавҳари духтари Мулло Абдураҳимро
моҳи майи соли ҷорӣ
кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар хонаааш боздошт карда буданд.
Худи Абдураҳим Каримов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби боздошти домодаш ба ӯ маълум нест ва раҳоии ӯро ба собит нашудани айбаш мансуб донист.
«То ҳол бо кадом сабаб боздошт шудани Мирзоназар Фозилов маълум нест ва инро айни замон ҳеҷ касе аз аҳли оилаи мо намедонад. Ба мо танҳо маълум аст, ки бинобар сабаби исбот нашудани гуноҳаш, ӯро озод кардаанд», – гуфт Мулло Абдураҳим.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои
Радиои Озодӣ
бо такя ба маълумоти манобеъи ғайрирасмӣ, Мирзоназар Фозилов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар ҷараёни тозапайдои “Салафия” боздошт шудааст. Фозилов бо раҳбари худхондаи гурӯҳи “Салафия” Муҳаммадии Раҳматуллоҳ, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буд, робитаи дӯстӣ доштааст.
Мирзоназар Фозилов тахминан 35-40-сола буда, хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байнулмилалии Исломобод (Покистон) аст. Ӯ бо духтари мулло Абдураҳим издивоҷ карда, соҳиби 5 фарзанд мебошанд.
Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов), собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муддате ба Кумитаи гумруки кишвар роҳбарӣ карда, минбаъд дар вазифаи декани факултаи филологияи Шарқи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абӯ Ҳанифа ифои вазифа кард ва айни замон дар ин ҷо омӯзгорӣ мекунад.





