Эрдуғон доир ба даст доштани тоҷикон дар амали террористӣ

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон даст доштани зодагони собиқ кишварҳои пасошӯравӣ дар амали террористии фурудгоҳи Истамбулро тасдиқ кард. Хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад , ки дар робита ба ин ҳодиса 30 нафар боздошт шудаанд, ки миёни онҳо зодагони Доғистон (Русия), Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд. Hurriyet менависад, зимни суханронӣ назди журналистон пас аз адои намоз ба […]

ASIA-Plus



Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон даст доштани зодагони собиқ кишварҳои пасошӯравӣ дар амали террористии фурудгоҳи Истамбулро тасдиқ кард. Хабаргузории РБК


иттилоъ медиҳад


, ки дар робита ба ин ҳодиса 30 нафар боздошт шудаанд, ки миёни онҳо зодагони Доғистон (Русия), Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд.


Hurriyet

менависад, зимни суханронӣ назди журналистон пас аз адои намоз ба муносибати Иди Рамазон дар яке аз масҷидҳои шаҳри Истанбул президенти Туркия қайд кардааст, ки аз рӯи далели даст доштан ба амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 30 нафар боздошт шуда, онҳо зодагони Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд.

Қаблан ВАО иттилоъ дода буданд, ки дар амали террористии фурудгоҳи Истанбул як ё ду нафар шаҳрвандони Русия ва як зодаи Қирғизистон даст доранд.

Сарвари давлати Туркия ҳамчунин аз ҷониби созмони террористии Давлати исломӣ, ки дар як қатор кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ аст, содир шудани амали террористиро тасдиқ карда, иброз доштааст, ки «мутаассифона, ба амали террористӣ ҳамсояҳои мо аз Қафқози Шимолӣ даст доранд.

Қобили зикр аст, ки бар асари таркишҳои рухдода дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 44 нафар, аз ҷумла 19 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳалок ва беш аз 200 нафари дигар осеб диданд.

Ҳамчунин қаблан дар ВАО-и Туркия дар бораи аз ҷониби маргталабон аз Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Доғистон содир шудани ин амали террористӣ маълумот интишор гардида буд. Ғайр аз ин, дар амали террористии мазкур як зодаи Чеченистон Аҳмед Чатаев низ гумонбар дониста мешавад, ки зери итоати террорист Доку Умаров аст.

Чанде қабл вазири умури паноҳандагон ва шахсони маҷбурӣ кӯчонидашудаи Гурҷистон Созар Субари тасдиқ кардааст, ки Чатаев метавонад гумошта (агент)-и собиқ президенти ин кишвар Миахаил Саакашвили бошад ва аз ӯ маблағи пулӣ мегирифтааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.