Нимсолаи аввали соли равон қурби арзи милллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА 12,5 поин рафт.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба ҳолати 31 декабри соли 2015 қурби 1 доллари ИМА ба 6.9902 сомонӣ баробар буда, рӯзи охири моҳи июни соли ҷорӣ қурби 1 доллари ИМА – 7.8680 сомониро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки поинравии назарраси қурби сомонӣ нисбати доллар моҳи январи соли равон сабт шуда буд, ки қариб 12,2%-ро ташкил дода буд. Давоми моҳи феврал қурби сомонӣ нисбати доллар ҳамагӣ ба андозаи 0,3% – аз 7.8424 сомонӣ то ба 7.8696 сомонӣ коҳиш ёфта, тайи моҳҳои минбаъда қурби сомонӣ нисбати доллар ҳатто каме боло рафт – ба андозаи 0.0016 сомонӣ (0,12%).
Дар ҳамин ҳол, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбати евро ба андозаи 14,3% – аз 7.6389 барои 1 евро то ба 8.7335 сомонӣ поин рафт. Дар ин давра қурби сомонӣ нисбати рубл 15,7% – аз 0.1031 сомонӣ барои 1 рубл дар охири моҳи декабри соли гузашта то ба 0.1193 сомонӣ ахири моҳи июни соли равон коҳиш ёфт.
Тибқи маълумоти БМТ, соли гузашта қурби расмии пули миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА ба андозаи 31,7% – аз 5.3074 сомонӣ то ба 6.9902 сомонӣ поин рафтааст.





