ВКХ маълумоти аз ҷониби Эрдуғон изҳоршударо месанҷад

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти боздошти тоҷикистониён ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбулро мавриди санҷиш қарор додааст.

Аз Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки доир ба боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон алҳол ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар маълумоти расмӣ нарасидааст.

«Айни замон намояндагии дипломатии мо маълумоти аз ҷониби васоити ахбори умумии Туркия интишоршуда бо истинод ба президенти ин кишварро месанҷад», – гуфт манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти ВАО, Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон

изҳор доштааст

, ки дар амали террористии фурудгоҳи Истамбул зодагони собиқ кишварҳои пасошӯравӣ даст доштаанд. Дар робита ба ин ҳодиса 30 нафар боздошт шудаанд, ки миёни онҳо зодагони Доғистон (Русия), Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд.

Сарвари давлати Туркия ҳамчунин аз ҷониби созмони террористии Давлати исломӣ, ки дар як қатор кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ аст, содир шудани амали террористиро тасдиқ карда, иброз доштааст, ки «мутаассифона, ба амали террористӣ ҳамсояҳои мо аз Қафқози Шимолӣ даст доранд.

Қобили зикр аст, ки бар асари таркишҳои рухдода дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 44 нафар, аз ҷумла 19 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳалок ва беш аз 200 нафари дигар осеб диданд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...