ВКХ маълумоти аз ҷониби Эрдуғон изҳоршударо месанҷад

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти боздошти тоҷикистониён ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбулро мавриди санҷиш қарор додааст. Аз Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки доир ба боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон алҳол ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар маълумоти расмӣ нарасидааст. «Айни замон намояндагии дипломатии […]



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти боздошти тоҷикистониён ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбулро мавриди санҷиш қарор додааст.

Аз Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки доир ба боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон алҳол ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар маълумоти расмӣ нарасидааст.

«Айни замон намояндагии дипломатии мо маълумоти аз ҷониби васоити ахбори умумии Туркия интишоршуда бо истинод ба президенти ин кишварро месанҷад», – гуфт манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти ВАО, Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон

изҳор доштааст

, ки дар амали террористии фурудгоҳи Истамбул зодагони собиқ кишварҳои пасошӯравӣ даст доштаанд. Дар робита ба ин ҳодиса 30 нафар боздошт шудаанд, ки миёни онҳо зодагони Доғистон (Русия), Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд.

Сарвари давлати Туркия ҳамчунин аз ҷониби созмони террористии Давлати исломӣ, ки дар як қатор кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ аст, содир шудани амали террористиро тасдиқ карда, иброз доштааст, ки «мутаассифона, ба амали террористӣ ҳамсояҳои мо аз Қафқози Шимолӣ даст доранд.

Қобили зикр аст, ки бар асари таркишҳои рухдода дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 44 нафар, аз ҷумла 19 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳалок ва беш аз 200 нафари дигар осеб диданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.