Дар рейтинги самаранокии логистика (масоили тадорукот)-и Бонки ҷаҳонӣ тӯли 2 сол Тоҷикистон 39 зина мавқеъашро аз даст дод.
Дар Индекси самаранокии логистика (Logistics Performance Index)-и Бонки ҷаҳонӣ осон будани амалисозии интиқолу бору маҳсулот ва ҳолати логистикаи савдо дар сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешавад. Нишондиҳандаи самаранокии кори занҷираҳои ҳамлу нақл дар тиҷорати байнулмилалӣ санҷида ва ҳар ду сол (солҳои 2007, 2010, 2012, 2014 ва 2016) ба он баҳогузорӣ мешавад.
Дар
Индекси самаранокии логистика-2016
миёни 160 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 153-юмро касб кардааст. Дар
рейтинги соли 2014
Тоҷикистон дар мақоми 114-ум қарор дошт.
Дар соли нахусти раддабандӣ, яъне
соли 2007
– Тоҷикистон зинаи 146-ум, рейтинги
соли 2010
– мақоми 131-ум, рейтинги
соли 2012
– ҷойи 136-умро ишғол намуда буд.
Кишварҳои пешсафи рейтинги мазкур дар соли 2016 Олмон, Люксембург, Шветсия, Нидерланд ва Сингапур мебошанд.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми баландро Қазоқистон (зинаи 77-ум) касб карда, Ӯзбекистон дар зинаи 118-ум, Туркманистон – 140-ум ва Қирғизистон – дар мақоми 146-ум қарор гирифтаанд.





