Дар рейтинги самаранокии логистикаи Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон 39 зина поин рафт

Дар рейтинги самаранокии логистика (масоили тадорукот)-и Бонки ҷаҳонӣ тӯли 2 сол  Тоҷикистон 39 зина мавқеъашро аз даст дод. Дар Индекси самаранокии логистика (Logistics Performance Index)-и Бонки ҷаҳонӣ осон будани амалисозии интиқолу бору маҳсулот ва ҳолати логистикаи савдо дар сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешавад. Нишондиҳандаи самаранокии кори занҷираҳои ҳамлу нақл дар тиҷорати байнулмилалӣ […]

ASIA-Plus



Дар рейтинги самаранокии логистика (масоили тадорукот)-и Бонки ҷаҳонӣ тӯли 2 сол  Тоҷикистон 39 зина мавқеъашро аз даст дод.

Дар Индекси самаранокии логистика (Logistics Performance Index)-и Бонки ҷаҳонӣ осон будани амалисозии интиқолу бору маҳсулот ва ҳолати логистикаи савдо дар сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешавад. Нишондиҳандаи самаранокии кори занҷираҳои ҳамлу нақл дар тиҷорати байнулмилалӣ санҷида ва ҳар ду сол (солҳои 2007, 2010, 2012, 2014 ва 2016) ба он баҳогузорӣ мешавад.

Дар

Индекси самаранокии логистика-2016

миёни 160 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 153-юмро касб кардааст. Дар

рейтинги соли 2014

Тоҷикистон дар мақоми 114-ум қарор дошт.

Дар соли нахусти раддабандӣ, яъне

соли 2007

– Тоҷикистон зинаи 146-ум, рейтинги

соли 2010

– мақоми 131-ум, рейтинги

соли 2012

– ҷойи 136-умро ишғол намуда буд.

Кишварҳои пешсафи рейтинги мазкур дар соли 2016 Олмон, Люксембург, Шветсия, Нидерланд ва Сингапур мебошанд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми баландро Қазоқистон (зинаи 77-ум) касб карда, Ӯзбекистон дар зинаи 118-ум, Туркманистон – 140-ум ва Қирғизистон – дар мақоми 146-ум қарор гирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.