Дар Душанбе масоили ҳамкорӣ дар коҳиши хавфи офатҳои табииро баррасӣ мекунанд

Дар шаҳри Душанбе аз 12 то 14 июл ҷаласаи нахусти Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ доир мегардад. Аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷаласа бо мақсади амалисозии тавсияҳо барои иҷрои «Барномаи қолабии Сендай оид ба […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе аз 12 то 14 июл ҷаласаи нахусти Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ доир мегардад.

Аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷаласа бо мақсади амалисозии тавсияҳо барои иҷрои «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфҳои офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ дар ҷаласа ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, вохӯрии роҳбарони мақомоти дахлдори Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба қабули қарорҳои муҳим дар самти аксумал ва пешгирии офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ва ҳамчунин роҳандозии ҳамкориҳои пурсамар дар ин самт имкон фароҳам меоварад.

Барномаи қолабии Сендай 18 марти соли 2015 дар Ҷопон қабул шуда, як таркиб ва  ҷойгири Барномаи қолабии амали Хиог барои солҳои 2005-2015 – бунёди имконоти муқовимат ба офатҳо дар сатҳи давлат ва ҷамоатҳо мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.