Тақвияти таблиғоти зидди ифротгароӣ дар Тоҷикистон



Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии минбаъд пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тарғиботи густарда алайҳи ин зуҳуротро ба роҳ мемонад.

Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар гурӯҳҳои таблиғотӣ амал мекунанд, ки бо ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

«Асосан ҷавонони муваққатан бекор ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгаро меафтанд, аз ин рӯ, ба ин гурӯҳи ҷавонон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад», – иброз дошт роҳбари МТС.

Ба гуфтаи ӯ, барои миёни ҷавонони тоҷик ҷой надоштани рӯҳияи тундгароӣ, мутахассисони марказ омӯзиши фанни «Таърихи ислом» дар мактабу донишгоҳҳоро тавсия доданд.

«Ин хеле хуб аст, чунки наврасону ҷавонон аллакай дар мактаби миёна ва сипас дар мактаби олӣ бо таърихи ислом, бахусус равияи ҳанафии он, ки ҷараёни таҳаммулпазир аст, аз наздик шинос мешаванд ва агар ҷавон ҳарчи бештар аз ин равия огаҳӣ дошта бошад, ҳамон қадр ҷалби ӯ душвортар мегардад», – чунин мешуморад ӯ.

Ӯ бо таассуфи зиёд қайд кард, ки ҷавонони Тоҷикистон дар бораи ислом тасаввуроти дуруст надоранд ва  чун онҳо бисёр чизҳоро хуб дарк намекунанд, мубаллиғони равияҳои тундгаро онҳоро ба осонӣ ба суи худ моил мекунанд.

Х.Холиқназар таъкид дошт, ки айни замон аз ҷониби Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мутахассисони МТС Стратегияи миллии пешгирии зӯроварӣ, тундгароӣ ва ифротгароӣ мавриди таҳия қарор дорад, ки ояндаи наздик ба ҳукумат пешниҳод мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин Стратегия тадбирҳое пешбинӣ шудааст, ки ба пешгирии падидаҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ дар марҳилаи нахусти зуҳури он мусоидат мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное