Мулоқоти прокуророни генералии Тоҷикистону Қирғизистон

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 10 июл бо сафари корӣ ба Қирғизистон раҳсипор гардида, дар мулоқот бо прокурори генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаева дар Бишкек маҷмӯи васеи масоили таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад. Аз Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар вохӯрии мазкур баррасии масоили муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ […]

ASIA-Plus



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 10 июл бо сафари корӣ ба Қирғизистон раҳсипор гардида, дар мулоқот бо прокурори генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаева дар Бишкек маҷмӯи васеи масоили таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.

Аз Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар вохӯрии мазкур баррасии масоили муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ тариқи марзҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳайати Прокуратураи генералии Қирғизистон таҳти сарварии прокурори генералии ин кишвар Индира Ҷолдубаева охири моҳи ноябри соли гузашта бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварда буд.

Ин сафар дар доираи амалисозии Созишнома дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ миёни Прокуратураҳои генералии Қирғизистону Тоҷикистон, ки 27 августи соли 2015 дар шаҳри Остона ба имзо расида буд, сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.