Лату кӯби то марги ҳамдиёр аз ҷониби се бародар

Се нафар сокинони шаҳри Сарбанд ба куштори ҳамдиёри худ гумонбар дониста мешаванд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, тақрибан соатҳои 1-и шаби 10 июл се нафар шахсони номаълум сокини 56-солаи шаҳри Сарбандро назди хонааш мавриди лату кӯби шадид қарор дода, аз ҷароҳату захмҳои гирифта мард дар бемористони маҳаллӣ ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, ба […]

ASIA-Plus



Се нафар сокинони шаҳри Сарбанд ба куштори ҳамдиёри худ гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, тақрибан соатҳои 1-и шаби 10 июл се нафар шахсони номаълум сокини 56-солаи шаҳри Сарбандро назди хонааш мавриди лату кӯби шадид қарор дода, аз ҷароҳату захмҳои гирифта мард дар бемористони маҳаллӣ ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти мазкур бародарон, ҷавонони 40, 37 ва 34-солаи сокинони шаҳри Сарбанд дастгир карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.