Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба роҳбарони тамоми сохторҳои шаҳрӣ дастур дод, ки дар корхонаҳои зертобеъи худ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Бино ба
иттилои
дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ рӯзи 11 июл М.Убайдуллоев изҳор намудааст, ки дар сурати аз ҷониби корманди дилхоҳ сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ даст задан ба амалҳои коррупсионӣ минбаъд роҳбари он сохтор аз вазифа сабукдӯш карда мешавад.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа масоили омодагӣ ба мавсими гармидиҳӣ баррасӣ шуда, Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини соҳавии раиси шаҳр Шакарбек Самадов ва раисони ноҳияҳоро вазифадор намудааст, ки дар ин самт бо ҷалби васеи соҳибмулкон таҷдиди системаҳои мавҷудаи гармиқабулкуниро бо риояи меъёру технологияҳои амалкунанда то оғози мавсим ба анҷом расонида, дар минтақаҳои омодашуда санҷишҳои гидравликиро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ҷалб намуда, ҳамзамон дастур додааст, ки оид ба аз рӯи таъинот истифодашавии қитъаҳои замини зерисохтмонӣ, сифату риояи технология ва масолеҳи сохтмонӣ, инчунин тибқи муқаррарот мавриди истифода қарор додани иншооти омодашуда сохторҳои зидахли давлатӣ ҳар кадоме дар доираи ваколат ва салоҳияти хизматӣ назоратро пурзӯр намоянд.





