Масъулияти роҳбарони муассисаҳои пойтахт барои порагирии кормандон

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба роҳбарони тамоми сохторҳои шаҳрӣ дастур дод, ки дар корхонаҳои зертобеъи худ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ рӯзи 11 июл М.Убайдуллоев изҳор намудааст, ки дар сурати аз ҷониби корманди дилхоҳ сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ даст задан ба […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба роҳбарони тамоми сохторҳои шаҳрӣ дастур дод, ки дар корхонаҳои зертобеъи худ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ рӯзи 11 июл М.Убайдуллоев изҳор намудааст, ки дар сурати аз ҷониби корманди дилхоҳ сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ даст задан ба амалҳои коррупсионӣ  минбаъд роҳбари он сохтор аз вазифа сабукдӯш карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масоили омодагӣ ба мавсими гармидиҳӣ баррасӣ шуда, Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини соҳавии раиси шаҳр Шакарбек Самадов ва раисони ноҳияҳоро вазифадор намудааст, ки дар ин самт бо ҷалби васеи соҳибмулкон таҷдиди системаҳои мавҷудаи гармиқабулкуниро бо риояи меъёру технологияҳои амалкунанда то оғози мавсим ба анҷом расонида, дар минтақаҳои омодашуда санҷишҳои гидравликиро амалӣ намоянд.

Ҳамчунин раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ  ҷалб намуда, ҳамзамон дастур додааст, ки оид ба аз рӯи таъинот истифодашавии қитъаҳои замини зерисохтмонӣ, сифату риояи технология ва масолеҳи сохтмонӣ, инчунин тибқи муқаррарот мавриди  истифода қарор додани иншооти омодашуда сохторҳои зидахли  давлатӣ ҳар кадоме дар доираи ваколат ва салоҳияти хизматӣ назоратро пурзӯр намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.