ИМА маҳбуси тоҷики зиндони Гуантанаморо ба ихтиёри Сербия супурд

– Ду нафар маҳбусони зиндони ҳарбии ИМА дар Гуантанамо – зодаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Давлатов ва шаҳрванди Яман Мансур Аҳмад Саад ал-Дайфӣ ба Сербия интиқол дода шуданд, – хабар медиҳад РОСБАЛТ бо истинод ба Reuters. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, Вазорати мудофиаи ИМА ин иқдомро маъқул шуморида, ин барои аввалин бор аст, ки маҳбусони Гуантанамо ба Сербия […]

ASIA-Plus



– Ду нафар маҳбусони зиндони ҳарбии ИМА дар Гуантанамо – зодаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Давлатов ва шаҳрванди Яман Мансур Аҳмад Саад ал-Дайфӣ ба Сербия интиқол дода шуданд, –


хабар медиҳад


РОСБАЛТ бо истинод ба Reuters.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, Вазорати мудофиаи ИМА ин иқдомро маъқул шуморида, ин барои аввалин бор аст, ки маҳбусони Гуантанамо ба Сербия фиристода шуданд. Қаблан хадамоти ВВС иттилоъ дода буд, ки яке аз маҳбусони Гуантанамо ба Италия интиқол дода шудааст.

Хабаргузорӣ менависад, аксари маҳбусони Гуантанамо бидуни пешниҳоди айбномаву ҳукми суд дар ин зиндон нигаҳдорӣ мешаванд, ки бисёре аз онҳо беш аз 10 сол дар он қарор доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ барои шароити нигаҳдории маҳбусон дар ин зиндон аз ИМА интиқод мекунанд. Айни замон дар ин зиндони воқеъ дар пойгоҳи низомии ИМА дар Куба 76 нафар қарор доранд.

Зиндони махсус дар пойгоҳи низомии амрикоии Гуантанамо дар Куба баъди оғози муборизаи сартосарӣ бо «Ал-Қоида» соли 2001 ба фаъолият оғоз кард. Президенти ИМА Барак Обама кайҳост, ки фаъолияти ин иншоотро қатъ карданист, аммо Конгресси ИМА мухолиф буда, ҷудо кардани маблағ барои интиқоли маҳбусон ба зиндонҳои дигар дар қаламрави ИМА-ро рад мекунад.

Бино ба

иттилои

Радиои Озодӣ, интиқоли Муҳаммадӣ Давлатов шаш сол пеш баъди он пазируфта шуд, ки парвандаи ӯ аз сӯи вазорати дифоъ, вазорати умури хориҷӣ, вазорати адлия, раиси Раёсати кашфи миллӣ ва Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои ИМА баррасӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.