Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба истирдоди ҷинояткорон

Зимни вохӯрии прокурори генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаева ва прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 11 июл дар Бишкек ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар масоили истирдоди ҷинояткорон ва кумакҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ба мувофиқа расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Қирғизистон, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили таҳкими минбаъдаи робитаҳои […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрии прокурори генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаева ва прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 11 июл дар Бишкек ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар масоили истирдоди ҷинояткорон ва кумакҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ба мувофиқа расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Қирғизистон, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили таҳкими минбаъдаи робитаҳои мақомоти назоратии кишварҳо, ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ тариқи марзҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин И.Ҷолдубаева ва Ю.Раҳмон ба масоили ҳимоя аз ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон дар қаламравҳои ҳарду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз рӯи натиҷаҳои мулоқот дар доираи амалисозии Созишнома дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ миёни Прокуратураҳои генералии Қирғизистону Тоҷикистон, ки 27 августи соли 2015 дар шаҳри Остона ба имзо расида буд, ҷонибҳо доир ба идома ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба тавофуқ ҳосил карданд.

Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистон иборат аз муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон ва дигар шахсони расмӣ дар идомаи сафар ба Қирғизистон бо фаъолияти мақомоти прокуратураи ин кишвар аз наздик шинос мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.