Зимни вохӯрии прокурори генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаева ва прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 11 июл дар Бишкек ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар масоили истирдоди ҷинояткорон ва кумакҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ба мувофиқа расиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Қирғизистон, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили таҳкими минбаъдаи робитаҳои мақомоти назоратии кишварҳо, ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ тариқи марзҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин И.Ҷолдубаева ва Ю.Раҳмон ба масоили ҳимоя аз ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон дар қаламравҳои ҳарду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз рӯи натиҷаҳои мулоқот дар доираи амалисозии Созишнома дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ миёни Прокуратураҳои генералии Қирғизистону Тоҷикистон, ки 27 августи соли 2015 дар шаҳри Остона ба имзо расида буд, ҷонибҳо доир ба идома ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба тавофуқ ҳосил карданд.
Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистон иборат аз муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон ва дигар шахсони расмӣ дар идомаи сафар ба Қирғизистон бо фаъолияти мақомоти прокуратураи ин кишвар аз наздик шинос мешаванд.





