Ҳузури 394 сокини Суғд дар даргириҳои Сурия

Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар низоъҳои мусаллаҳона дар қаламрави Сурия 394 сокини вилоят ҳузур доранд. Бино ба иттилои ӯ, тибқи маълумоти фаврӣ, 24 сокини вилоят ҳамсарон ва 44 кӯдаки ноболиғро ҳамроҳи худ ба Сурия бурда, 36 сокини вилоят дар даргириҳои Сурия […]

Мавлуда Рофиева



Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар низоъҳои мусаллаҳона дар қаламрави Сурия 394 сокини вилоят ҳузур доранд.

Бино ба иттилои ӯ, тибқи маълумоти фаврӣ, 24 сокини вилоят ҳамсарон ва 44 кӯдаки ноболиғро ҳамроҳи худ ба Сурия бурда, 36 сокини вилоят дар даргириҳои Сурия кушта шудаанд.

«Нисбати 321 нафари онҳо мутобиқи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 10 парванда ҷиҳати баррасӣ ба судҳо ирсол шуд ва боз 192 нафар мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки 349 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ барои узвият дар ҳаракату гурӯҳ ва аҳзоби ифротгаро мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, муддати 6 моҳи соли равон 130 нафар аъзои созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз рейдҳо дар саросари кишвар ҳудуди 6 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия ихроҷ мешаванд

Барои 7,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ вуруд ба кишвар манъ шудааст.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.