Радиомарафони бесобиқаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс»

Ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нимаи имрӯз дар радиои «Азия-Плюс» радиомарафон оғоз гардид, ки мустақиман муддати 1 шабонарӯз ва 1 соат (25 соат) идома меёбад. Се нафар ровиёни радиои «Азия-Плюс» – Даря Христолюбова, Беҳрӯзи Шаҳриёр ва мубориз Усмонов муддати 25 соат бо шунавандагону ҳаводорони радио мудом […]

ASIA-Plus



Ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нимаи имрӯз дар радиои «Азия-Плюс»

радиомарафон

оғоз гардид, ки мустақиман муддати 1 шабонарӯз ва 1 соат (25 соат) идома меёбад.

Се нафар ровиёни радиои «Азия-Плюс» – Даря Христолюбова, Беҳрӯзи Шаҳриёр ва мубориз Усмонов муддати 25 соат бо шунавандагону ҳаводорони радио мудом тамос мегиранд. Дар рафти радиомарафон мусоҳибаҳои мустақим бо афроди саршиноси кишвар ва меҳмонони ҷумҳурӣ, ҳамчунин дигар барномаҳои фароғативу шавқовар ва мусиқии писандидаву дилнавоз пешниҳод мегардад.

Давоми ҳар се соат дар пахши мустақим бозиҳову озмун барои бурди ҷоизаҳои арзишманд гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ин нахустин рекорди радиомарафони пахши мустақим ба муддати 25 соат дар Тоҷикистон мебошад. Миёни кишварҳои ИДМ қирғизҳо пешсафанд, ки 32 соат мустақиман барнома пахш кардаанд. Рекорди мутлақ дар ҷаҳон ба русиягиҳо мансуб аст, ки 60 соат мустақиман дар радио барнома пешниҳод карда буданд.

Шарикони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар баргузории ин чорабинӣ: ширкати Tcell – Шарики генералӣ, ТҚҲ «Арванд» – Шарики расмӣ, Тарабхонаи «Бухоро» ва ширкати «Алло, Такси» – Шарикон.

Дар мавҷҳои 107 ФМ (Душанбе, Қурғонтеппа) ва 104,4 ФМ (Хуҷанд) ҳамроҳи мо бимонед!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.