Дар рейтинги ФИФА Тоҷикистон 19 зина боло рафт

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 14 июл дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи гузашта 19 зина боло рафта, акнун бо 220 имтиёз зинаи 145-умро ишғол мекунад. Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 23-ум қарор дорад. Дар […]

ASIA-Plus



Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 14 июл дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи гузашта 19 зина боло рафта, акнун бо 220 имтиёз зинаи 145-умро ишғол мекунад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 23-ум қарор дорад. Дар байни кишварҳои қораи Осиё зинаи аввалро – Эрон, мақоми 2-юмро – Кореяи Ҷанубӣ ва ҷои 3-юмро – Ӯзбекистон ишғол кардаанд.

Зинаи аввали рейтингро мунтахаби Аргентина ишғол намуда, ба даҳгонаи беҳтарини мунтахабҳои футболи ҷаҳон Белгия, Колумбия, Олмон, Чили, Португалия, Фаронса, Испания, Бразилия ва Аталия шомиланд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.